Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
омӯзгорӣ машғул мешавад. Ҳамаи ин воқеаҳо ва боз шиорҳои адолатхоҳонаи болшевикон ба он сабаб шуд, ки Айнии деҳқонзода инқилоби Октябрро бо хушӣ пазирад ва бо тамоми ҳастӣ пирӯзии инқилобро ситоиш намояд. Вале Айнӣ бо ҳама сарсупурдагиву эътиқод дар замони Шӯравӣ низ ба як қатор нокомиҳо рӯ ба рӯ омад. Мудҳиштарин воқеае, ки ба ҳаёту эҷодиёти минбаъдаи нависанда таъсири амиқ гузошт, соли 1937 “душмани халқ” эълон шудани ӯ буд. Дар ин айём суратҳои нависандаи рӯзгордида аз деворҳои қироатхонаҳову мактабҳо фуроварда ва асарҳояш аз рӯйхати китобхонаҳо бароварда шуданд. Айнӣ маҷбур шуд, ба Абулқосим Лоҳутӣ, ки он вақтҳо дар Маскав мезист, муроҷиат намояд. Бо кӯшишҳои бедареги Лоҳутӣ ва даҳолати бевосираи сардори Давлати Шӯравӣ И.Сталин номи неки устод Айнӣ барқарор гардид. Ҳодисаи соли сиюҳафтум боиси тағйироти мундариҷавӣ дар эҷодиёти устод гардид. Нависанда дар замони ҷанги солҳои 1941-1945 дар маркази асарҳои бадеии худ образҳои фолклорию таърихиро қарор дод ва баъди ҷанг ба навиштани «Ёддоштҳо» шурӯъ намуд.
Айнӣ дар синни 45-солагӣ хонадор шудааст ва фарзандонаш - Камолиддин, Холида ва Лутфия дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадаанд. Нависанда дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамуд. Ҳар сари чанд вақт ба Сталинобод омада, маҷлисҳои адабӣ ва фарҳангиро сарварӣ менамуд. Баҳори соли 1951 шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд ва Айнӣ аввалин президенти АИ Тоҷикистон интихоб гардид. Ин воқеа боис шуд, ки устод минбаъд шаҳри Сталинободро низ ҷои истиқомат қарор диҳад. Устод Айнӣ моҳи майи соли 1954 дар Сталинобод бемор мешавад ва 15 июл, нисфирӯзӣ, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё