Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷаҳон мегузарад. Дар маросими видоъ, ки дар майдони “800 – солагии Маскав” баргузор гардид, дусад-сесад ҳазор алоқамандон аз тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок доштанд. Оромгоҳи ин шахсияти беназир, ки дар боғи ба номи устод (самти шумолии шаҳри Душанбе) қарор дорад, макони зиёрати тоҷикистониён ва аҳли фарҳанги ҷаҳон мебошад.

Фаъолияти эҷодии устодро ба якчанд самт ҷудо намудан мумкин аст. Самти омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва публитсистӣ, илмӣ ва шоирию нависандагӣ.

Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст: 1. Таълим дар мактабҳои усули нав. 2. Таълиф ва табъи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдурраҳмон Саъидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саъидиро барои талабагони тоҷикзабон тарҷума менамуд. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ таъсис ёфт, фаъолияти омӯзгории С.Айнӣ боз ҳам васеътар гардид. С.Айнӣ аз таҷрибаи дар мактабҳои Абдурраҳмон Саъидӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдуқодир Шакурӣ андӯхтааш истифода карда, барои толибилмони мактаби нав се китоби дарсӣ навишт. “Тартил-ул-қуръон” (1909), “Заруриёти динийя” (1914) ва “Таҳзиб-ус-сибён” (1910; 1917) ҳар кадом аз нигоҳи илмиву усулӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводи таълимиву тарбиявӣ ҷолибанд. Аксари ҳикояҳои “Таҳзиб-ус-сибён”, аз ҷумла “Одами баақл ва соҳиби бахти баланд”, “Одами бадбахт”, “Бачаи боақл”, “Ҳикоят” бо порчаҳои шеърӣ тақвият ёфтаанд. Масалан ин ҳикояти Фахрии Ҳирравӣ дар бораи сарфаю

пешина
аз 343
навбатӣ