Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

сариштакорӣ оварда шуда бо ду байтӣ зебо ҷамъбаст гардидааст:

Сарфаю сариштакорӣ. Дар вилояти мағрибзамин шаҳре сӯхт. Иморатҳо тамоман сӯхта хокистар шуданд. Барои аҳолии ин ҷо, ки аз хону мон ҷудо ва муфлис шуда буданд, аз мардумони боҳиммат иона ҷамъ карданӣ шуданд. Чанд каси хайрхоҳ ба маслиҳат дафтари иона сохта, аз ҳар каси соҳибҳиммат чизе мегирифтанд.

Дар он наздикӣ як тоҷири соҳибсарват буд. Дафтари ионаро гирифта ба хизмати ӯ бурданд. Дар вақте ба ҳузури тоҷир даромаданд, ки ба хизматгоре коҳиш дошт. Сабаби коҳишро пурсиданд.

Гуфт: -Ин хизматгор як дона гӯгирдро беҳуда сӯзонда хомӯш кард.

Ба дили меҳмонон гузашт, ки: “аз ин мард чизе ситонда намешавад. Лекин ҳамин қадар роҳро тай карда омадем, ҳар чӣ бодобод, матлабро як дараҷа ошкор кунем”,- гуфта дафтарро нишон доданд. Тоҷир фавран даҳ ҳазор тилло ионатнома навишт. Аз ин кори ӯ бисёр тааҷҷуб карданд. Тоҷир сабаби тааҷҷубро пурсид.

Гуфтанд :- Дар як дона гӯгирд он қадар коҳиш карда, дар иона ин қадар маблағ барои чист?

Тоҷир гуфт: - Агар ба як дона гӯгирд саҳм мегирифтам ва бо лутф сӯхтани он розӣ мешудам, дар ин маврид аз куҷо ба шумо ин маблағро медодам.

Байт:

Ба ҷойи зарурат бидеҳ, то тавонӣ,
Ки дасти ту гирад гаҳи нотавонӣ.
Ва лекин ба ҷое, ки нафъаш набошад,
Хирадманд як дона арзан напошад.

Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии устод аз рӯзҳои дар Самарқанд зиндагӣ ихтиёр кардан оғоз ёфта то охири умри ӯ давом мекунад. Айнӣ дар рӯзномаҳои

пешина
аз 343
навбатӣ