Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

масъалаи забони адабии ҳозираи тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи аҳли зиёи тоҷик қарор гирифт. Дар ин давра мақолаҳои С. Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (1928), «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» (1928), «Забони тоҷикӣ» (1928), «Ҷавоби ман» (1929) ба табъ мерасанд. Муаллиф дар онҳо асоси миллии забони тоҷикӣ ва инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷикиро ошкор менамояд. Фаъолияти забоншиносии С. Айнӣ инчунин дар асарҳои таҳриркарда ва мактубҳояш низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷиҳат, қайдҳои С. Айнӣ оид ба забон ва услуби асарҳои нависандагон ва «Кори накӯ кардан аз пур кардан аст» (1934), «Мактуби кушода ба рафиқ Толис» (1948), «Баъзе қайдҳо оид ба аҳволи забоншиносӣ дар Тоҷикистон» барин мақолаву мактубҳои устод ҷолиби диққат аст. Мулоҳизаҳои С. Айнӣ тамоми қисматҳои забоншиносӣ, чун луғат, калимасозӣ, овозҳои нутқ, сохти грамматикӣ, имлову услуби баёнро фаро гирифтаанд ва бо рӯҳи пурқуввати амалӣ ва омезандагии худ ҳоло ҳам ба масъалаи тозагӣ ва асолати забони тоҷикӣ саҳмгузор мебошанд.

С. Айнӣ фаъолияти илмии худро аз асарҳои таърихӣ оғоз менамояд. Дар «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (соли 1921) ва «Таърихи амирони мангитияи Бухоро» (1923) ном асарҳои устод ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар асрҳои XVIII, XIX ва ибтидои асри XX мавриди таҳлили муфассал қарор гирифтааст.

Дар давраи аввали эҷодиёти Садриддини Айнӣ, ки аз солҳои 90-уми асри XIX то солҳои 20-уми садаи XX-ро дарбар мегирад, назм мавқеи калон дорад. Садриддин ҳанӯз айёми дар мактаби деҳа хонданаш машқи шеър менамуд ва аз солҳои 1892-1893 бо тахаллусҳои «Сифлӣ», «Мӯҳточӣ» ва «Ҷунунӣ» шеър менавишт. Вале ҳеҷ кадом тахаллусҳои номбурда ба шоири ҷавон маъқул намешавад ва баъдтар тахаллуси «Айнӣ»-ро интихоб менамояд, ки чи

пешина
аз 343
навбатӣ