Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тавре худаш менависад, дорои 48 маъно мебошад. Ғазали «Гули сурх», ки соли 1895 эҷод гардидааст, аввалин шеъри бо тахаллуси Айнӣ суруда мебошад:

Рози дил мегуфтам, ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам...
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам Худо,
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.
Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бар ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.

Шоир анъанаи адабиёти классикии тоҷикро идома дода, бештар ба ғазал, қитъа, мусаммат, қасида, маснавӣ ва рубоӣ барин жанрҳои лирикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Дар ғазалҳояш ишқу муҳаббат, манзараҳои нотакрори табиат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ самимона ва ҳунармандона васф гардидаанд:

Ёрро, аз лутф бар холам назар будӣ, чӣ будӣ?
Ё маро ҷуз ошиқӣ кори дигар будӣ, чӣ будӣ?
Васл бо ин кӯтаҳӣ, ҳиҷрон ба ин дуру дарозӣ,
Шоми ғам чун субҳи шодӣ мухтасар будӣ, чӣ будӣ?
Ёр мехонад ба сӯйи хеш арбоби ғаноро,
Айнии бечораро ҳам мушти зар будӣ, чӣ будӣ?

С. Айнӣ бархе аз шеърҳояшро дар тазмин ва татаббӯи ашъори Саъдию Ҳофиз, Камоли Хуҷандию Камоли Исфаҳонӣ, Ҷомию Ҳилолӣ, Бедилу Соиб эҷод намуда, маҳорати сухансанҷии худро такмил додааст. Аз ин ҷиҳат, мухаммасҳои тазминии шоир ҷолиби диққатанд. Айнӣ ғазалҳои маъруфи шоирони номбурдаро интихоб карда, дар радифи онҳо мисраъҳое меофарад, ки аз лиҳози тасвир дар як поя қарор доранд. Як банд аз мухаммас бар ғазали Ҳофиз:

пешина
аз 343
навбатӣ