Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

РАҲИМ ҶАЛИЛ
(1909 – 1989)

Раҳим Ҷалил 3 июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи косиби мӯзадӯз ба дунё омадааст. Падари Раҳим шеърдӯст ва модари ӯ мухлиси китобҳои саргузаштӣ буданд. Бинобар ин адиби оянда аз хурдӣ ба шунидан ва хондани ғазалҳои Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷангномаҳою саёҳатномаҳо шавқу ҳавас пайдо намуд. Раҳим маълумоти ибтидоиро дар мадраса гирифтааст. Баъди инқилоби Октябр таҳсилро дар мактаби нав давом дода, соли 1927 онро ба итмом мерасонад. Баъдтар мактаби яксолаи муаллимтайёркунии шаҳри Хуҷандро ба поён расонда, то соли 1931 ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Дар солҳои муаллимӣ ба омӯхтани асарҳои адибони тоҷик ва рус, аз ҷумла С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А.П. Чехов, М. Горкий, ҷиддан машғул гардида, бо таъсири онҳо аввалин шеъру ҳикояҳояшро иншо мекунад.

Раҳим Ҷалил ба рӯзноманигорӣ рағбат дошт ва аз соли 1921 сар карда, беш аз бист сол дар рӯзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Шарқи сурх» адои вазифа намудааст. Аз соли 1952 то охирин рӯзҳои ҳаёт котиби масъули шуъбаи Хуҷандии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Раҳим Ҷалил соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид ва соли 1970 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд. Мавсуф Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад. Нависанда 10-уми октябри соли 1989 дар шаҳри Хуҷанд аз олам мегузарад. Марқади адиб дар гӯристони зодгоҳаш қарор дорад.

Раҳим Ҷалил ба гурӯҳи адибоне дохил мешавад, ки фаъолияти эҷодиашонро аз ибтидои солҳои 30-юм оғоз намудаанд. Адиб аввалҳо ба эҷоди шеър майл доштааст.

пешина
аз 343
навбатӣ