Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Маҷмӯаи аввалини адиб— «Мавҷҳои музаффарият» (1933) шеърҳои солҳои 1931-1933 иншо гардидаро фаро гирифтааст. Раҳим Ҷалил асосан бо эҷоди ҳикоя ба адабиёти шӯравии тоҷик дохил шудааст. Дар давраи аввали эҷодиёташ ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ зиёда маҳрурият пайдо кардаанд.
Маҷмӯаи дувуми адиб бо номи «Орзу» соли 1934 ба табъ мерасад, ки дар он беҳтарин ҳикояҳои ҳаҷвии муаллиф чун «Марги Хушомадхӯҷа», «Хар ва сабукрав», «Гурба ва рашк», «Хоҷаи борон», «Хонаи нав» ва ғайра гирд омаданд. Баъдҳо дар маҷмӯаҳои «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1939), «Ҳисса аз қисса» (1941), «Ҳикояҳои замони ҷанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Ҳикояҳо» (1954), «Баҳор» (1960), «Ҳамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Бозгашт аз биҳишт» (1976), «Баъди борон» (1978) шеъру ҳикоя ва очеркҳои адиб дар мавзӯъҳои гуногуни рӯзгори одамони даврони шӯравӣ дастраси хонанда гардиданд. Нависанда дар ҳикояҳои ҳаҷвӣ аз адабиёти шифоҳӣ ва таъбирҳои халқӣ бамаврид истифода намуда, падидаҳои номатлуби ҷомеаро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Дар ҳикояи «Марги Хушомадхӯҷа» Ҳайруллоҳӯҷа хушомадгӯ ва тамаллуқкори гузаро мебошад. Бинобар ин, мардум ӯро «Хушомадхӯҷа» лақаб додаанд. Агар раиси корхона Сангини Сатанг сулфа кунад, Хушомадхӯҷа «Лаббай, чӣ мефармоед?» гуфта таъзим мекунад. Ӯ тез ба бозор давида, ба Сангини Сатанг сигор меоварад ва гӯгирд гиронда, ба нӯли хӯҷин медорад. Ба хонаи хӯҷаин майда-чуйдаҳои рӯзгорро мекашонад. Дар атрофи Сангини Сатанг парвонавор чарх мезанад. Ин чоплусӣ ва лаганбардориҳо оқибат боиси марги Хушомадхӯҷа мегарданд. Ӯ гоҳӣ ба хонаи хӯҷаин керосин овардан аз саросемагӣ меафтад ва либосҳояш ба сӯзишворӣ олуда мегарданд. Ба ҳавлӣ даромада мебинад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо