Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ки хӯҷаин омодаи сигоркашӣ аст. Сигори сардорро гиронданӣ шуда гӯгирд мезанад, ки худ оташ гирифта месӯзад. Ё худ дар ҳикояи «Васвасабону» симои зане, ки «аз охури баланд ем хӯрда одат кардааст» ва ба ӯ танҳо «пӯшоки нав ба наву рангбаранг, ҷоҳу ҷалоли ба чор кас маъқул мешудагӣ» даркор аст, тасвир гардидааст. Мӯнисабону зани зебову соҳибҷамол аст, вале ботини нопок ва нафси конеънашаванда дорад. Ин хислатҳои бад ӯро хандаовар ва нафратовар намудаанд. Нависанда таваҷҷуҳи хонандаро ба оила ва тарбияи фарзандон ҷалб карда, таъкид менамояд, ки сарчашмаи хислатҳои манфии Мӯнисабону тарбияи нодурусти оилавӣ аст. Истифодаи санъатҳои саҷъу тазод ва таркибҳои рехтаи забонӣ боиси ифоданокии тасвир гардидааст: «Онҳо вайро, ки фарзанди ягонаашон аст, рӯзе чанд бор гули сабади хона, ӯро шамъу худро парвона, нури дидаю тоҷи сари падар, сафедию сиёҳии чашми модар меномиданду тайёр буданд, ки ҳар вақт хӯрокашро хӯронида либосашро пӯшонида монанд».
Дар баробари ин, Раҳим Ҷалил ба навиштани асарҳои калонҳаҷм машғул мешавад. Дар охири солҳои сиюм нависанда дар заминаи воқеаҳои самти шимолии Тоҷикистон ба эҷоди романе пардохт, ки қисми аввали он соли 1941 бо номи «Гулрӯ» ба нашр расид. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ адиб қисми дувуми романро ба анҷом расонд ва ҳар ду қисм соли 1949 бо номи «Одамони ҷовид» дастраси хонанда гардиданд. Ин асар аз ду қисм ва 30 боб иборат буда, ба мавзӯи ҷангҳои дохилӣ баҳри барқарор намудани сохти шӯравӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд (солҳои 1916-1927) бахшида шудааст. Образҳои асосии асар Пӯлод Қодиров ва Гулрӯ Рустамова ҳамчун инсонҳои дӯстдошта миёни хонандагон шӯҳрат доранд. Пӯлод ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ бачаи ҳушёр, дидадаро ва раҳмдилу адолатхоҳ буд ва ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо