Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
иштирокчиёни ҷангҳои дохилӣ ва барпокунандагони сохти нав, қаҳрамонони меҳнат, олимон ва санъаткорони машҳур, ҳофизову мутрибон, ходимони давлатӣ ҳикоят мекунад. Дар маҷмӯъ «Маъвои дил» моҳияти таърихиву кишваршиносӣ пайдо кардааст ва барои наслҳои минбаъда метавонад ҳамчун шиносномаи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд хизмат намояд.
Р. Ҷалил дар боби адабиёти бачаҳо низ ҳикояҳо дорад, ки онҳоро аз маҷмӯаҳои «Кабӯтар» (1963) ва «Табиби ман» (1973) мутолиа кардан мумкин аст. Дар ҳикояҳои бачагонаи Р. Ҷалил, чун дар тамоми эҷодиёти ӯ, тасвирҳои мутоибаомез мавқеъ доранд. Ин ҷиҳатҳо ҳикояҳои барои бачаҳо навиштаи адиб, аз ҷумла, «Зангӯла», «Қумрӣ ва мӯсича», «Сочҳо», «Ҳикояи Бобобарот»-ро хонданбоб ва писанда кардаанд. Р. Ҷалил дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ низ комёбиҳо дорад. Аввалин пйесаи адиб бо унвони «Саодат» (1932) дар саҳнаи театрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Соли 1940 мазҳакаи «Зани 96-ум»-ро эҷод мекунад, ки санъатшиносон онро аввалин кӯшиш дар эҷоди мазҳакаи мусиқии тоҷикӣ номидаанд. Пйесаҳои «Муҳаббат» (1932), «Санавбар» (1938), «Ду вохӯрӣ» (1943), «Дарди шоир» (1963, дар бораи Камоли Хуҷандӣ), «Бедорӣ» (1975) намунаи беҳтарини асарҳои саҳнавии нависанда мебошанд. Раҳим Ҷалил аз солҳои 30-юм сар карда ҳикояҳои алоҳидаи М. Горкий, А. Чехов, пйесаҳои «Раъду барқ»-и Н. Островский ва «Афсонаи ишқ»-и Нозим Ҳикмат, асарҳои Ғафур Ғулом, Ҳ. Мамадқулизода ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин, як қатор асарҳои нависанда, аз ҷумла «Одамони ҷовид», «Шӯроб», «Маъвои дил», «Духтари мармарин» ба забонҳои русӣ, олмонӣ, полякӣ, чехӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо