Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҳамин тариқ, Р.Ҷалил ҳамчун адиби соҳибистеъдод ба ҳамаи навъҳои адабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст ва, бешубҳа, ӯ дар таърихи адабиёти садаи XX тоҷик мавқеи муносиб дорад.
Романи «Шӯроб» аз се китоб иборат аст. Китоби якуми роман солҳои 1956-1958 (дар саҳифаҳои маҷаллаи «Шарқи сурх») бо номи «Ангиштканон» ва соли 1959 бо номи «Шӯроб» ба табъ расид. Китобҳои дуюм ва сеюми «Шӯроб» соли 1967 чоп мегарданд. Китоби якум 30 боб, китоби дуюм 22 боб ва китоби сеюм 17 бобро ташкил медиҳанд.
Р.Ҷалил рӯзгор ва фаъолияти табақаи коргари тоҷикро дар ду давраи иҷтимоӣ тасвир кардааст. То барпо шудани сохти шӯравӣ дар самтҳои ҷанубии сарзамини Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надоштанд. Аммо дар қисмати шумолии Тоҷикистон, ки акнун номи вилояти Суғдро гирифтааст, то инқилоби Октябр чанд муассисаи саноатӣ фаъолият мекард. Шаҳрҷарои Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфара яке аз чунин марказҳои коргарӣ буд, ки он ҷо насли аввали коргарони тоҷик тарбия ёфтааст. Романи «Шӯроб» дар заминаи ҳаёту фаъолияти бошандагони ҳамин шаҳрҷа ба вуҷуд омадааст. Ин ҷо аз тамоми ноҳияву деҳоти атрофи Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Истаравшан, Хуҷанд намояндагони аҳолии меҳнатӣ ҷамъ омада буданд. Нависанда ба гузаштаи онҳо рӯ меорад ва аз нигоҳи таърихӣ ҷараёни рӯзгори коргаронро аз поёни қарни XIX то солҳои 60-уми асри XX идома медиҳад.
Нависанда сюжети романро аз даврони бачагии Давлат оғоз мебахшад, ки ӯ дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистони Бадахшон дар ҳолати ятимию бенавай қарор дошт. Дар бобҳои «Сафари диёри дур», «Аҳди бародарӣ» ва «Дар оғӯши кӯҳистон» аз кӯҳистони Помир ба тарафи Фарғона сафар кардани Давлат бо собиқ аскари қисми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо