Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Эй қуввати ҷисму кути ҷонам,
Осоиши хони нотавонам!
Бишнав зи ман ин хуҷаста гуфтор,
Мафрӯш замини хеш зинҳор,
Ин хоки сиях, ки мушкбез аст,
Мафрӯш, ки модари азиз аст!

Ифоданокӣ ва қувваи тасвир ба воситаи ташбеҳ, тавсиф ва такрор барин санъатҳои бадеӣ хеле хуб таъмин гардидаанд. Чунин ҷозибанокӣ ва таъсирбахшӣ дар дигар шеърҳои номбурда низ мушоҳида мешавад. Дар шеърҳои «Фоҷиаи шиа ва суннӣ», «Ҳасрат», «Нидо ба ҷавонон», «Марсия ба вафоти Мирзо Сироҷиддини Ҳакими Бухорой», достони тамсилии «Парвона ва кирмак» бошад, шоир ба мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ рӯ овардааст. «Фоҷиаи шиа ва суннӣ» ба муносибати задухӯрде, ки 23 январи соли 1910 миёни шиамазҳабон ва суннимазҳабон дар Бухоро рух дода буд, эҷод гардидааст. Дар шеър сабабгори асосии ин фоҷиа будани ҳукуматдорони мансабталош таъкид ёфта, мардум ба ҳушёрӣ ва хештаншиносӣ даъват мегардад:

То ба чандин рехтан хуни бародар ҷойи об.
То куҷоҳо кӯфтан бар фарқи модар ҷойи мор?
Худкушӣ баҳри чӣ? Аз бегонагон орем шарм.
Дӯстзорию чаро? Аз душманон дорем ор!

Дар ашъори давраи аввали эҷодиёти Айнӣ тарзу услубҳои гуногуни тасвир истифода шудааст. Шоир дар баёни фикр гоҳ аз оҳангҳои лирикӣ, гоҳ аз тарзи ифодаи публитсистӣ ва гоҳ аз тасвирҳои тамсилӣ бомаҳорат истифода кардааст. Дар достони «Парвона ва кирмак» андешаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир дар пардаи тамсил баён ёфтааст. Образи кирмак (заҳматкашони ба замин сарукор дошта) ба образи парвона (заминдорон ва

пешина
аз 343
навбатӣ