Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сӯхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман,
Гашт вайрон хонаи ободи ман,
Нест фориғ хотири ношоди ман,
«Гарчи ёрон фориганд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!»

Баробари ба воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давр майл намудани С. Айнӣ мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир низ тағйир ёфт. Адиб ба чунин хулоса омад, ки дар замони ӯ танҳо ба мавзӯи ишқу муҳаббат маҳдуд шудани шоирон басанда нест. Шеър ҳам бояд ба тасвири масъалаҳои мубрами рӯз кор гирифта, ба дардҳои иҷтимоии ҷомеа бархӯрад. Шоир дар қасидаи «Ёди мозӣ»
афсӯс хӯрдааст, ки як қисми умри гаронмояи худро дар ғафлат гузаронидааст:

Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,
Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ ҳиҷолат доштам.
Дар чароидномаи аъмоли худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.

Дар ҳақиқат, «Мактаб», «Саҳаргоҳон», «Заминро бояд нафурӯшед», «Бомдоди баҳорон» барин шеърҳои Айнӣ, ки солҳои 1911-1917 эҷод гардидаанд, бо содагӣ, самимият ва хусусиятҳои пандуахлоқии худ фарқ мекунанд. Ин шеърҳо заминаи мустаҳками воқеӣ дошта, таҷассумгари ақидаҳои маърифатпарварӣ ва равшангароии шоир мебошанд. Масалан, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро муносибатҳои капиталистӣ қувват гирифта, он боиси заминро бо нархи арзон фурӯхта, ба шаҳр ҳиҷрат кардани заҳматкашони деҳот гардид. Шеъри «Заминро бояд нафурӯшед» ҳушдорест, ки заҳматкашонро аз оқибати фоҷиабори заминфурӯшӣ огоҳ месозад:

пешина
аз 343
навбатӣ