Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

(1946) ва ғайра паҳлӯҳои мухталифи зиндагии мардуми тоҷик бомаҳорат инъикос ёфтаанд.

Аз Мирсаид Миршакар қариб 40 адад мақолаи адабӣ ва танқидӣ ба мерос мондааст. Мероси бою гуногунпаҳлӯи Мирсаид Миршакар дар маҷмӯаҳои сершумори алоҳидаву дастҷамъӣ дастраси хонанда гардидааст. Солҳои 1970-1974 Куллиёти сеҷилдаи адиб (ҷилди сеюм дар ду китоб) аз чоп баромад. Соли 2002 мунтахаби ашъори шоир бо номи «Панҷи ноором» (Душанбе, Теҳрон, 2002) ба табъ расид.

Ҳамчунин, қисмате аз мероси адабии Мирсаид Миршакар ба забони русӣ ва як қатор забонҳои дигари хориҷӣ тарҷума ва чоп гардидаанд. Ашъори шоир асоси воқеӣ дошта, муҳимтарин масъалаҳои давру замонро фаро гирифтаанд. Масалан, ӯ дар рӯзи дувуми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъри «Таронаи уқоби озод»-ро менависад. Дар ин шеър ватандорон ба уқоби озод ва ҷангҷӯён ба шағоли мурдахӯр монанд гардида, бо баҳои ҷон ҳифз намудани Ватан таъкид меёбад:

Бале! Ман ҳам яке аз он уқобон,
Ки озодӣ ба онон беҳтар аз ҷон.
Сарамро медиҳам бо фахр, аммо
Нахоҳам дод озодии худро!

Баъзе шеърҳои шоир ҳаҷман кӯтоҳ буда, ҳамагӣ чанд мисраъ мебошанд ва ягон ҳикмати зиндагиро талқин менамоянд. Аз ин ҷиҳат, шеъри «Чаро чун шамъ месӯзӣ?» ҷолиби диққат аст:

Чаро чун шамъ сӯзӣ? Бебақо ӯст,
Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст.
Ту аз хуршед омӯз ин ҳунарро,
Ки месӯзад, валекин ҷовидон аст.

пешина
аз 343
навбатӣ