Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Мирсаид Миршакар соли 1950 барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардида, соли 1964 бошад ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва соли 1972 ба Мукофоти комсомоли Тоҷикистон сарфароз шудааст. Шоир, инчунин, ба як қатор ордену медалҳои ҳукуматӣ қадр шудааст.
Фаъолияти адабии Миршакар аз шеърнависӣ оғоз гардидааст ва аввалин шеъраш соли 1930 бо номи «Душманро кун торумор» ба табъ расидааст. Нахустин достони шоир «Ливои зафар» (1934) ном дошта, дар он меҳнати бунёдкоронаи халқи тоҷик дар водии Вахш ва дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тараннум мешаванд. Шеърҳои солҳои 30-юми шоир, ки рӯҳи замон ва афкори мардуми заҳматкашро таҷассум намудаанд, дар маҷмӯаи «Баҳори ҷавонӣ» (1940) фароҳам омадаанд. Шеъру манзумаҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод кардаи шоир дар маҷмӯаҳои «Шеърҳо ва поэмаҳо» (1945) ва «Даъвати Ватан» (1945) гирд омадаанд. Дар солҳои баъдиҷангӣ эҷодиёти Мирсаид Миршакар аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво васеъ гардида, аз нигоҳи ҳунар такмил меёбанд. Дар ин давра, махсусан, фаъолияти достонсароии шоир инкишоф меёбад. Баъди «Қишлоқи тиллоӣ» (1942) дар замони ҷанг ва баъд «Калиди бахт» (1947), «Панҷи ноором» (1949), «Ленин дар Помир» (1955), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Одам-офаридгор» (1962) «Варақҳои муҳаббат» (1975), «Исёнӣ хирад» (1979) барин достонҳои шоир пай дар пай таълиф мегарданд.
Дар эҷодиёти Мирсаид Миршакар драматургия низ мавқеи калон дорад. Дар драмаҳои «Муаллими ишқ» (1945), «Фоҷиаи Усмонов» (1957), «Задухӯрд дар биёбон» (1974), «Тӯҳматшоев» (1953), «Тошбек ва Гулқурбон»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо