Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Достони «Ленин дар Помир» бошад, як саҳифаи таърихи зиндагии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дарбар мегирад. Дар достон солҳои аввали ҳукумати Шӯравӣ дар кӯҳистони Бадахшон паҳн шудани ғояҳои ленинӣ тараннум мешавад.
Дар байни асарҳои калонҳаҷми М. Миршакар достони «Исёни хирад» боз ҳам ҷолибтар мебошад. Ин достон солҳои 1977-1978 эҷод гардида, ба рӯзгори пурмоҷарои шоир ва файласуфи тоҷик Носири Хусрав бахшида шудааст.
Достони «Қишлоқи тиллоӣ» дар асоси афсонаи халқӣ эҷод гардидааст. Достон чунин оғоз меёбад: сайёде ҳангоми шикор ба як дараи кӯҳӣ меравад, ки он ҷо ҷӯйи обе равон буд. Дар даруни ҷӯй себи сурхеро дида, дар ҷустуҷӯйи боғ мешавад ва дар роҳ ба деҳаи зебое дучор меояд:
Халоиқ ҷумла он ҷо бахтиёранд,
Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.
Намедонанд номи зулму золим,
Хирадманданду доноянду олим...
Ба зери пояшон марҷону гавҳар,
Ҳама асбобашон аз симу аз зар...
Занон ҳам мисли мардон сарфарозанд,
Ғазал хонанду рақсанду навозанд...
Сайёд барои ба он макони ободу зебо бурдани аҳли оилааш ба хона бармегардад. Вале вафот карда, орзуҳояшро ба гӯр мебарад. Нақли сайёд дар бораи қишлоқи тиллоӣ паҳн мешавад. Дувоздаҳ нафар аз камбағалон ба ҷустуҷӯйи қишлоқи тиллоӣ мебароянд. Аксарияти онҳо ҳангоми ҷустуҷӯ ба сахтиҳо тоб наоварда талаф мешаванд. Як нафари онҳо зинда монда, ба орзуи Ватан аз баҳри мусофират мебарояд. Ӯ ба деҳае меояд, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо