Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ҳамон қишлоқи тиллоии афсонавӣ шабоҳат дошт. Мусофир ба писараш — Шарафҷон дучор меояд. Шарафҷон ба падар мефаҳмонад, ки ин ҳамон деҳаи пешина ҳаст. Вале дар натиҷаи меҳнати дастҷамъонаи одамон ба қишлоқи тиллоии ҳақиқӣ бадал гаштааст:

  • Падарҷонам, нарезон ашки худро,
    Нигар, охир, диёри туст ин ҷо!
    Нигар, акнун туй андар диёрат,
    Дар он ҷое, ки мондӣ рӯзгорат.
    Ҳар он чизе, ки мебинӣ дар ин ҷо,
    Гулу гулзору бӯстонҳои зебо.
    Иморатҳои зебою дилоро
    Бувад маҳсули ранҷу меҳнати мо.

Дар қисмати охири достон ба ҳақиқат табдил ёфтани афсонаи мардуми Помир ва дар оянда боз ҳам беҳтару ширинтар гардидани ҳаёти халқ таъкид ёфтааст.

Дар достони «Қишлоқи тиллоӣ», асосан, се образ мушоҳида мешавад, ки ҳар се мусбатанд. Яке Сайёд мебошад, ки бо вуҷуди кӯшиши зиёд дар роҳи зиндагии хушбахтона ба мақсад намерасад. Сайёд аз зиндагии бофароғат, муносибату муомилаи хайрхоҳонаи сокинони қишлоқи тиллоӣ ба ваҷд омада, мехоҳад аҳли оилаашро низ он ҷо барад. Вале баъди ба хонааш баргаштан дигарбора барои ба он диёри зебо рафтан ҷуръат намекунад. Суханҳои пеш аз марг гуфтаи пирамард ҷонгудоз ва пурҳасрат садо медиҳанд:

Дареғо, мемурам акнун, дареғо,
Надида як дами роҳат ба дунё.
Зи аввал бенаво будам, дареғо,
Раҳи ҳасрат бинамудам, дареғо!
Бикардам орзуи бахтро, лек
Ба сӯи бахт роҳам гашт торик.

пешина
аз 343
навбатӣ