Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сар кашида дар ҳаво.
Чароғҳояш дурахшон
Дурахшону нурафшон.
Дар кӯчаҳо одамон
Чун оби дарё равон...

Забони ширин, вазну оҳанги сабук, тавсиф, такрор, муболиға ва ташбеҳ барин воситаҳои тасвир ҳолати хурсандию завқу завқи мусофирони наврасро аз дидори пойтахти он рӯзаи Иттиҳоди Шӯравӣ самимона ифода менамоянд ва ба хонанда лаззати бадеӣ мебахшанд. Хулоса, ашъори бачагонаи Мирсаид Миршакар бо услуби равону суфта, оҳангҳои сабуку шеваи ҳақӣ дар дилу дидаи хонандаи хурдсол ҷой гирифтаанд.

НАМУНАИ АШЪОР:

Зиндагӣ

Зиндагӣ офтоби ишқи ман аст,
Дӯст медорамаш зи ҳар чӣ зиёд.
Байрақи зиндагӣ гирифта ба даст,
Кишвари ишқро кунам обод.

Сайъ дорам, ки ҳар гулшан шукуфад,
Гулшанаш хуб гардаду зебо.
Бонияш мекунам зи душмани дад,
Баҳри ояндаи ту, эй дунё.

Он чӣ дил гуфт...

Он чӣ дар дафтари ман мехонӣ,
Он чиро шеъру ғазал медонӣ.
Шеър не, балки нави дили ман,
Ба Ватан меҳру вафои дили ман!
Миннати кас напазируфтам ман,
Он чӣ дил гуфт бигӯ гуфтам ман.

пешина
аз 343
навбатӣ