Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
(1951), «Одам - офаридгор» (1962) намунаи онҳост. Шоир ба адабиёти бачагонаи тоҷик асосан бо достони «Мо аз Помир омадем» дохил гардид.
Мундариҷаи асар дар асоси сафари гурӯҳи бачагони Помир ба Маскав (1929), ки дар он даста шоир чун роҳбар иштирок дошт, фароҳам омадааст. Барои мусофирон ҳама чиз нав аст. Онҳо ба қатора савор мешаванд ва медонанд, ки то Маскав роҳ дур аст. Бинобар ин осуда мехобанд. Аммо баъди чанде ҷои оромиро изтиробу беқарорӣ иваз мекунад:
Хобидем андар вагон,
Бедор шудем дар Когон.
Хурсандӣ, шодӣ кардем,
Аз шодӣ бозӣ кардем.
«Ана, - гуфтем, - Москва Москваҷон, Москва».
Воқеа аз номи шахси якум баён мешавад ва дар асар такрори калимаву таркибҳо мавқеъ доранд. Ин услуби тасвир боиси ифодаи ҷолиб ва содаву равони фикр гардидааст. Махсусан такрори байти:
Мо аз Помир омадем,
Москва равон шудем. - фикри шоирро қувват дода, олами рӯҳии мусофиронро равшан таҷассум менамояд. Мусофирони наврас дар роҳ Когон ва Самараро дида ба ваҷд меоянд ва ин шаҳрҳоро Маскав гумон мекунанд. Ниҳоят, ба Маскав мерасанд, ки тасвири он басо мароқовар аст:
Аҷаб шаҳри мӯҳташам!
Сар то сар сабзу хуррам.
Аввалу охири он
Намеёбед, эй ёрон!
Қабат-қабат хонаҳо,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо