Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Союз нависед. Бо салом Деҳотӣ. Сталинобод, 29 апрели соли 1939.
АЗ АШЪОР:
Баҳор
Тӯё ба истиқболи гул
Дар бӯстон дорад, баҳор,
Аз сабза пойандозҳо
Бар гулрухон дорад баҳор.
Аз шиддати сармову ях
Гӯё табиат мурда буд,
Дар боди атрафшони худ
Пайгоми ҷон дорад баҳор
Аз санги хоро лолаҳо
Бишкуфту гул аз хори хушк,
Сад сеҳру Мехмон мекунӣ ё не? ҷоду аз нафас
Ҳар дам аён дорад баҳор.
Бар наварӯсони чаман
Пӯшонда маҳмалҳои сабз,
Аз баҳри зеби дасташон
Гул армугон дорад баҳор.
Як дона дурри бебаҳо
Ҳар қатра боронаш ба мо,
Чун нуқра дар ҷӯйборҳо
Оби равон дорад баҳор 1936.
Ба пешвози дилбар
Дил буд интизори раҳат солҳо, биё!
Хуш омадӣ ба хонаи ҷон, марҳабо, биё!
Торик буд хонаи ман бе вуҷуди ту,
Бахш аз чароғи ҳусну ҷамолат, зиё, биё!
Дар бистуҳафсолагӣ мӯям сафед шуд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо