Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз ғуссаи фироки ту, эй бевафо, биё!
Маҷрӯҳи теғи рашки рақибон шуда дидам
Дидори дӯст духтури соҳибшифо, биё!
Бедориям надид дидори ту, лоакал,
Як шаб хаёлвор ба хобам даро, биё!
Пасту баланди кӯча агар заҳмате диҳад,
Монанди булбулони чаман аз ҳаво биё!
Нозу ғурур агар нагузорад ба гап задан,
Бо гӯшаҳои чашм бикун як имо, биё!
Сад банди зулм канду ба ҳаҷри ту банд шуд,
Мискин Деҳотӣ ар бираҳонӣ, биё — биё!

Меҳмон мекунӣ ё не?
Ғамат то кай хӯрам, эй дӯст, шодон мекунӣ ё не?
Ба рӯям ғунчай умед хандон мекунӣ ё не?
Бо ту ҳамдам шудан мушкил, ҷудоӣ — боз мушкилтар,
Бо як лутфи карам ду мушкил осон мекунӣ ё не?
Ман аз дарди фироки он ду лаб бас талхком астам,
Забони ҳолпурси шаккарафшон мекунӣ ё не?
Дилам гум мезанад дар ёди бӯи мӯи мушкинат,
Дами боди сабо зулфат парешон мекунӣ ё не?
Туро ёри наву нозу ғурури нав муборак бод,
Валекин гоҳ ёди куҳнаёрон мекунӣ ё не?
Ту дар паймони худ: Гар васл хоҳӣ сабр кун гуфтӣ,
Дигар сабрам намонд, иҷрои паймон мекунӣ ё не?
Деҳотиро ҳавои ту мусофир кард дар ин шаҳр,
Ба хоки даргахат дурӯза меҳмон мекунӣ ё не? 1943

Ту ҳам ёде бикун аз ман
Ба ман, ёро, чафо кардӣ,
Ки бо худ ошно кардӣ,
Ба ёдат мубтало кардӣ,
Ту ҳам ёде бикун аз ман!
На бо чашмам шавӣ ҳамдам,

пешина
аз 343
навбатӣ