Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
нависандагони Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 1981 то охири умр дар кори эҷодӣ буд.
Ф. Муҳаммадиев 6-уми октябри соли 1986 вафот кард. Турбати марҳум дар қабристони Лучобе шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Муҳаммадиев барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1967), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти асарофаринии Ф. Муҳаммадиев аз нимаи солҳои адабӣ 50-ум оғоз ёфтааст. Аввалин ҳикояи нависанда, ки соли 1955 ба табъ расид, «Порчаи остин» ном дошт. Баъд пай дар пай очеркҳои «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956) ва «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ба табъ расиданд. Соли 1958 аввалин маҷмӯаи очерку ҳикояҳои нависанда таҳти унвони «Муҳоҷирон» чоп мешавад. Дар аввалин очеркҳои нависанда масъалаҳои муҳими иҷтимоию маданӣ тезутунд ва бо ҷиддият ба миён гузошта шудаанд.
Дар очерки «Раиси нав» мавқеи роҳбар дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қаҳрамони очерк Саид Фатҳуддинов шахси кордон аст. Ӯ ба одамон бовар дорад ва ба онҳо раҳнамой карда метавонад. Дар очерки «Фаттоҳ ва Музаффар» бошад, масъалаи роҳбарони мағруру худбовари соҳаи кишоварзӣ бардошта шудааст. Аз мутолиаи очерк хонанда ба чунин хулоса меояд, ки ба Фаттоҳ барин роҳбарони бемасъулият бовар кардан мумкин нест, балки ба онҳо бо ҷиддияти том мубориза бурдан зарур аст. Нависанда ба Фаттоҳ инсони асилу ҷонфидо — Музаффарро муқобил мегузорад. Қиссаи «Тири хокхӯрда» (1960) оид ба сарнавишти кормандони бехатарӣ ва қиссаи «Одамони кӯҳна» (1963) доир ба рӯзгори зиёиёни шаҳр баҳс мекунанд. Қиссаи таърихии «Зайнаббибӣ» (1964) сарнавишти зани тоҷик, раиси ҳукумати ноҳияи Кӯктош (ноҳияи ҳозираи Рӯдакӣ) Зайнаб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо