Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ
(1928 – 1986)

Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Оилаи онҳо ба китоб пайвастагии доимӣ дошт, зеро падараш саҳҳоф ва муқовасоз буд. Падар ҳар китоби хубро, ки муқова мекард, мутолиаи онро ба фарзандон, аз ҷумла Фазлиддини хушодобу хушзеҳн, тавсия менамуд. Фазлиддин баъди хатми мактаби миёна соли 1946 ба Маскав рафта, чанде дар Донишгоҳи ҳавопаймоии Маскав таҳсил кард. Аз тангии маишат ноилоҷ таҳсилро мавқуф мегузорад ва ба Самарқанд баргашта, дар колхоз ба сифати табелчӣ кор мекунад. Баъди вафоти падар Фазлиддинро бародараш Абдулҳамид Муҳаммадиев ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод меорад ва ӯро ба пешаи рӯзноманигорӣ ҳидоят менамояд.

Ф. Муҳаммадиев солҳои 1947-1949 чун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») адои вазифа мекунад. Баъд ӯро ба Маскав, ба Мактаби марказии комсомоли умумииттифоқ мефиристанд. Адиб баъди хатми ин мактаб (1951) фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» ва «Шарқи сурх» давом медиҳад. Соли 1962 Ф. Муҳаммадиев дувумбора озими Маскав шуда, дар Институти адабиёти ба номи Горкий таҳсил менамояд. Баъди таҳсил фаъолияти рӯзноманигориро дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» давом медиҳад. Ҳамзамон ба шуъбаи машваратии «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ менамояд. Сипас, фаъолияти адиб дар нашриёти «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик идома меёбад. Солҳои 1978-1981 ба сифати котиби Иттифоқи

пешина
аз 343
навбатӣ