Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
охири солҳои панҷоҳум навишта шудааст, вале талоши Зӯҳро баҳри зиндагии поку беолоиш ва арзишманд ҳоло ҳам намунаи ибрати ҷавонон мебошад.
Мавзӯи марказии эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Солҳои 1967-1973 силсилаи ҳикояҳои нависанда бо номҳои «Даъво», «Суди рафиқон», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Сози Мунаввар», «Хиёбони Нодир», «Шаби савум» ба вуҷуд омаданд. Нависанда инсонро яктарафа ва ба як ранг тасвир намекунад. Дар тасвири ӯ, бо вуҷуди ҷиҳатҳои номуносиб доштан образ куллан манфӣ нест. Нависанда рафтори ношоистаи персонажҳоро чун бахилии Муҳаммадмурод («Даъво»), рашки беҷои Ашраф («Савдои умр»), касби худро ба мерос нагузоштани Усто Оқил («Рӯзи дафни Усто Оқил») ҳунармандона маҳкум мекунад. Усто Оқил устои гулдаст буд, аксари иморатҳои зебои деҳа маҳсули ҳунари ӯ буданд ва ба қавли Абдуррауфамак: «ин хел устои ҳунарманд дар сад сол ё як бор ба дунё меояд, ё не». Лекин анъанаи неки мардумро вайрон намуда, умраш аз шаст гузашту ягон шогирд тайёр накард ва оқибат вафот карду ҳунарашро бо худ ба гӯр бурд. Бинобар ин, эътиқоди мардум аз ӯ канд ва дар ҷанозааш ҳамагӣ бист кас ҳузур доштанду халос. Ҳар як лаҳзаи тасвир - ҳам дар рӯзи ҷанозаи Усто Оқил беист боридани борон, ҳам ҳангоми ба мазор бурдан аз ночорӣ ба замин гузоштани тобут ва ҳам дар вақташ канда нашудани қабр гувоҳ бар он аст, ки ин одам бадбахт аст. Махсусан, тасвири охирин лаҳзаи видоъ хеле ҳаёлангез ва омӯзанда аст. Мувофиқи анъана баъди ба хок супурдани марҳум яке аз ҳозирон «фалонӣ чӣ хел одам буд?» гӯён савол медиҳад ва дигарон «одами хуб буд, Худо раҳмат кунад, ҷояш ҷаннат шавад» гӯён ба тарафи хона роҳакӣ мешаванд. Усто Оқил ҳатто аз ҳамин дуои вопасини ҳамдеҳагон маҳрум монд: «Пас аз он ки ҳама даст ба рӯй кашиданд, пойкор аз ҷояш нимхез

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо