Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шуда савол дод: — Усто Оқил чӣ хел одам буданд?.. Абдурауфамак метавонист худаш ҷавоб диҳад, вале бисёр мехост, ки маҳз дигарон ҷавоб диҳанд. Дақиқае бо хомӯшӣ гузашт. Онҳое, ки ба пайроҳа наздиктар меистоданд, чизе нагуфта ба роҳ даромаданд.

— Устои нағз буданд Оқиламак, — гуфт ҷавоне, ки дар паси Абдурауфамак меистод.

— Борон рафта ба устухонам расид, — гуфт яке дигар зери лаб ғурғуркунон.

— Ҳа, усто буд, — тасдиқ намуд савумӣ. Дигар касе чизе нагуфт. Ҳама пасу дунбол ба пайраҳа фуромадан гирифтанд.

Хулоса, Фазлиддин Муҳаммадиев дар ҳикояҳояш мавзӯъҳои рӯзмарраро бо шаклу услуби ба худ хос ба тасвир гирифта, бо ҳамин таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи кунунӣ ҷалб менамояд. Дар офаридани симо ва чеҳраи инсон жанри повест ё қисса имконияти бештаре дорад. Ин аст, ки нависанда аз оғози солҳои 60-ум ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм мепардозад ва то охири умр «Тири хокхӯрда», «Одамони кӯҳна», «Зайнаббибӣ», «Дар он дунё», «Шоҳии япон» ва «Варта» барин қиссаҳоро эҷод мекунад. Қиссаи «Одамони кӯҳна» ба мавзеи муҳими рӯз — маънавиёти баланди падарон, пайванди наслҳо ва талош ба муқобили муфтхӯрию ҳаромкорӣ бахшида шудааст. Сужети ин асар аз воқеаҳои муқаррарии зиндагӣ фароҳам омада, дорои моҳияти иҷтимоию ахлоқӣ мебошад. Хонанда баробари амалиёти образҳои асар ба андеша фурӯ рафта, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷуҳ пайдо мекунад. Оҳанги ҳазлу мутоиба аз унвони асар сар шуда, тамоми мундариҷаи онро диққатҷалбкунанда ва шавқангез гардондааст. Воқеан, худи «Одамони кӯҳна» номгузорӣ шудани асар мароқангез аст. Оё одам ҳам кӯҳна мешавад? Дар ин ном

пешина
аз 343
навбатӣ