Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Қаротегин гузашт, мехост ҳарчӣ тезтар ба хонаашон расад. Лекин аз тарафи Арбобкамол бим дошт, бинобар ин рӯзона ва рӯйрост ба қишлоқ даромаданро ба худ салоҳ надонист, маркаби худро ба чаро сар дода, то шаб ба дарае хобид. “Одина, ки “боз касе дида намонад” гуфта дар лаби ҳарсанге хобида буд, ду чашмашро аз офтоб намеканд... Оқибат офтоби толеи Одина баромад, дунё ба назараш равшан шуд, чунки офтоб охирин шӯълаи худро аз тегаи кӯҳ гирифта, ба уфуқ фурӯ рафта, дунёро дар зери пардаи торикӣ андохта буд...” Ҳолати рӯҳии Одина ба вазъияти мушаххаси шароит марбут аст. Ӯ офтоберо, ки ҳамеша дар интизораш буд, ҳоло чашми дидан надорад ва фарарасии торикии шабро, ки ҳама вақт ба ӯ андӯҳ меовард, аз дилу ҷон хоҳон аст, зеро вазъи ҳозираи Одина маҳз ҳамин тазодро тақозо дорад. Аз ин тасвирҳои нависанда симои Одина чун ҷавони дурандеш, бамулоҳиза ва нисбат ба модаркалону маҳбубааш садоқатманду дилсӯз намоён мешавад. Вале худи ҳаёти воқеӣ, муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои асри XX ва синну соли қаҳрамон (Одина ҳангоми ба кори завод даромадан ҳамагӣ 17-18 сол дошт) ба С. Айнӣ имконият намедод, ки Одинаро чун шахси муборизу фаъол тавсир намояд. Нависанда дар образҳои Бибиоиша, Раҳимабегим, Гулбибӣ зиндагии занони одию кӯҳистони тоҷикро дар охирҳои салтанати амирони манғит тасвир намудааст.
Муносибату муомила ва саргузашти пурфоҷиаи Гулбибӣ ба хонанда таассуроти амиқ гузошта, дар ӯ хислатҳои дӯстдорӣ, бурдборӣ, садоқат, ахлоқи пок, инчунин кинаю нафратро ба золимон тарбия менамояд. Гулбибӣ аз ҷабру ҷафоҳои Арбобкамол сар задани бадбахтиҳои худ, Одина ва модаркалонашро ҳис мекунад ва вақте ки Арбоб ӯро ба писараш никоҳ карда, ишқи покашро поймол карданӣ мешавад, дигар ҳеҷ гуна урфу одат пеши роҳи туғёни ғазабашро гирифта наметавонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё