Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

Арбобкамол... гуфт: -Эй духтараки беҳаё, ин чӣ муомилаи бешармона буд, ки ба шавҳарат кардӣ?

Гулбибӣ, ки чиҳил рӯз боз дар ин хона касе овози ӯро нашунидааст, мисли шер дар ғурриш даромада гуфт: - Беҳаё ту, золим ту, беномус ту!!!

Арбобкамол ба Гулбибӣ дармеафтад, Гулбибӣ низ риши сафеду дарози ӯро ба дастонаш мепечонад. Вақте ки Арбоб Гулбибиро ба замин мезанад, “аз вазни афтодани ӯ як бандча риши Арбоб канда дар дасти Гулбибӣ мемонад”. Баъди чанд рӯзи ин воқеа Гулбибӣ аз дунё мегузарад. Оре, Гулбибӣ орзуҳои ҷавониашро ба хок бурд, аммо шарафи инсонии худро на танҳо муҳофизат карда тавонист, балки дар охири ҳаёташ аз душмани худ як навъ интиқом ҳам гирифт. Чунин эътироз ибтидои муборизаест, ки дар симои Гулнор, Муҳаббат, Фотима ва Ҳабиба барин персонажҳои асарҳои ояндаи С. Айнӣ таҷАССУМ ёфтааст. Дар байни образҳои манфии асар образи Арбобкамол ҷолиби диққат аст. Ӯ мумсики гузароест, ки тамоми ҳиссиёташ ба ҷамъоварии пулу мол вобаста аст. Нависанда дар тасвири образи Арбобкамол аз ҳаҷв истифода кардааст. Аз ҷумла, аз шарми риши кандашуда то чил рӯз худро бемор сохта дар хона пинҳон шудан ва баъд “Худо ба ман умри дубора дод, вагарна беморинам бисёр сахт буд, мӯйҳои баданам тамом рехта, аз сари нав баромад, бубинед, асараш ҳанӯз дар ришам боқӣ аст” гуфта дар назди мардум “шукрона” кардани ӯ ҳам хандаовар ва ҳам нафратовар аст. Умуман, образҳои мусбату манфии қиссаи «Одина» ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳми муносиб доранд.

Романи “Дохунда”. Устод Айнӣ дар байни солҳои 1927-1930 романи “Дохунда”-ро таълиф намуд, ки охирҳои соли 1930 дар Қазон ба табъ расид. Дар таърихи адабиёти Осиёи Миёна бори аввал ба таълифи асари типи нав — роман пардохтан аз адиб ҷустуҷӯҳои зиёди эҷодиро

пешина
аз 343
навбатӣ