Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон аст.

НАМУНА АЗ ОСОР

Аз “Дурри парешон” Пеши чашми ту ҷавониҳом гузашт, пеши чашмон меҳрубониҳом гузашт. Пеши чашм оқибат ман пир шудам, бин, ки даври нотавониҳом гузашт.
Лавҳаҳо сурат наянд, тасвир наянд, лавҳаҳо ҳамчун шабаҳ тазвир наянд. Лавҳаҳо чун пори ин ҳастанд, муҳтоҷ ба шарҳу бар тафсир наянд.
Эй сафедори баланд, ба шукуҳат қоилам, шоҳаҳои бовиқорат чун сабӯҳат қоилам. Тан сафеду шоҳ сафеду барг сафед, бар сафедиҳои рӯҳат қоилам.
Ин дарахт оҳиста солор мешавад, бо шукуҳ ҳамчу сафедор мешавад. Боду боронаш начубонад варо, рафта – рафта ҳай подор мешавад.
Ҳамчу мӯри зери по чор тараф роҳ мегирем. Ҳар куҷое ризқи мо, чун ҳадаф роҳ мегирем. Ба захира кардане имкон наяст, имкон наяст. Ҳар куҷое даъвате, чун марди бошараф раҳ мегирем.
Хуштарин даврон ту донӣ, ки кадом аст? Субҳи содиқ дида гуфтан ассалом аст, оростан суҳбати хуш бо ҳамдилон, неъмати нодир бо ту бардавом аст.
Дидане аз диданӣ фарқ мекунад, душманӣ аз душманӣ фарқ мекунад. Ҳеҷ гаҳе холис мадон сад холисе, гулхане аз гулхане фарқ мекунад.
Ҳар қадар, ки умр бинӣ, умр бинӣ, дар ҳаётат менамудӣ таҳнишинӣ. Риштаҳои зиндагонӣ канда -канда, мерасидаст аз замине бар замине...
Дар шинохти зиндагонӣ чашми бино кам бувад, дар шинохти зиндагонӣ илми доно кам бувад. Зиндагонӣ тору пудашро намояд худ ба мо, дар шинохти зиндагонӣ табъи воло кам бувад.

пешина
аз 343
навбатӣ