Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.
Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об — рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода — свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что било, то било» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) пешкаши ҳамагон гардидаанд.
Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об — рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997)-ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд. «Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) аз чоп баромадаанд.
Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украйнӣ, литвонӣ, узбекӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.
Силсилаи мақолаҳои публитсистии ӯ дар саҳифаҳои маҷллаву рӯзномаҳои марказиву вилоятӣ ба таб расидаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон (2010).
Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ.
Бо Ифтихорномаҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф», унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо