Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
БОЗОР СОБИР
(1938-2020)
20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Бино бар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъди як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 хатмаш намудааст. Муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, сипас мудири шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солиёне мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1990 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли 1995, бар асари воқеаҳои маълум, ба ИМА ҳиҷрат намуда, моҳи майи соли 2013, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ватан баргашт. Дар ғурбат низ ҳамеша бо ёди халқу Ватан зистааст ва ашъори муассиру фарогираш дар ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худогоҳии бештари миллат саҳми назаррас дорад. Иддае аз сурудаҳояш ба таронаҳои мардумӣ табдил ёфта, дар маъракаҳои гуногуни фарҳангӣ садо медиҳанд ва дар таҳқиму тақвияти сарчашмию муттаҳидӣ ва ташаккули ғурури миллию ифтихори ватандории ҳамагонӣ, бахусус, ҷавонон, ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Фаъолияти эҷодияш аввали солҳои шастуми асри гузашта сар шуда, дар давоми солҳои ҳафтум ба сифати гӯяндаи ашъори баландмазмуни ватандӯстона ва лирики нозукандеша шуҳрати тамом пайдо кардааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Пайванд» соли 1972 — дар замоне ба табъ расид, ки шоир ҳам дар ҳаёту ҳам дар адабиёт ба камол расида буд. Он солҳо сарфи ҷустуҷӯю

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо