Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

омӯзиш ва дарку эҳсоси амиқи рисолати шеъру шоирӣ ва заминаи ашъоре гардиданд, ки зуд ба дилҳо нишаставу сари забонҳо шудаанд. Аз ҷумла, «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теги Сино» ва хеле аз шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, эҳсоси баланди шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, сафҳаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллатро бозгӯ кардаанд.

Офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобнихол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан...» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст...» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).

Иддае аз ашъораш ба забонҳои халқҳои шӯравӣ, англисию олмонӣ, фаронсавию испонӣ ва чехию лаҳистонӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Ашъори чанде аз шоирони маъруфи дунё, аз ҷумла, Байрон, А. Рембо, Г. Апполинер, А. Фет, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи ашъори Сергей Есенин, ки дар маҷмӯаи «Гулафшон» (ҳамроҳи Лоиқ Шералӣ; 1977) ба чоп расид, сазовори таъкиду таъриф аст.

пешина
аз 343
навбатӣ