Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Аз манори қалъаи аҳли Хуросон шуд баланд.
Пастии саҳрои Қипчоқ аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халқи тоҷик, халқи армон, об дар чашм, чун ятимон, дар лабаш хашм, чун асирон аз Ватан то бар кафан ҳар буду набуде, ки буд, бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон солҳои тангро медид ӯ, гаҳ дар оташ, гаҳ дар об.
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт, сӯхт, бо харобободи девори дари Афросиёбаш шуд хароб.
Лек лафзи модарияш, ҳамчу номи модараш дар забону дар даҳонаш монд, монд.
Ҳар сухан бо шири модар, сахт шуд дар устухонаш монд, монд.
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод, лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро рӯдакидон кард ӯ, бодҳоро анварихон кард ӯ.
Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард, дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард:
Давлате аз ҳарфи вазнин, давлате аз шеъри рангин, аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст, равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.
Гӯиё чун сайди маҷрӯҳ ӯ ҷароҳатҳои худро гаштаю баргашта лесид,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо