Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

САИДҶОН ҲАКИМЗОДА
(1939-2004)

25 январи соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа фаро гирифта, соли 1969 факултети таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 мусахҳеҳ, баъдан, солҳои 1971-1975, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975-1988 ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин, муддате, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар вазифаи мудири шуъба фаъолият доштааст. Аз соли 1988 то охири умраш мудири шуъбаи радиошунавонии шаҳри Кӯлоб ва, ҳамзамон, раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Шеърҳои аввалинаш аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Лолаи сурх» (1964), «Сарчашма» (1983), «Чигаргӯша» (1987), «Хиромон» (1989), «Достони Сангак» (1983), «Садафмоҳ» (1993), «Фидой» (1994), «Кӯҳпора» (1996), «Чеҳраи субҳ» (1997), «Куллиёт» (2009) мебошад. Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, узбекӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе шеърҳои шоирони русу узбекро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Соли 1990 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соли 2004 аз ҷаҳон даргузашт.

пешина
аз 343
навбатӣ