Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

МЕҲМОН БАХТӢ
(таваллудаш 1941)

25 марти соли 1941 дар деҳаи Шул, ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) таҳсил кардааст. Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навкаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё»-ст.

Солҳои 2003-2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нӯкра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» мебошад.

Намоишномаҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд.

Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро Театрҳои ба номи

пешина
аз 343
навбатӣ