Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Рубоиёт
Мероси падар барои ман афзун аст,
Писханд мазан ба он касе дилхун аст.
Мон ганда кунанд, ту накун ганда касе...
Ин гуфтаи ӯ барои ман қонун аст.
Модар, ту ҳамеша як дуо мехонӣ,
Аз меҳр дуои ҷони мо мехонӣ.
Мехонӣ дуо ки тинҷ бошад олам,
Ту сурати сулҳи босафо мехонӣ.
Зебост ҷаҳони мард аз олами зан,
Сад марҳами ҷон аст як марҳами зан.
Фавтидани мард пеш аз ӯ хушбахтист,
То ки накушад варо ба ғамҳо ғами зан.
Гулбоғи ман аст дашту саҳрои Ватан,
Дунёи ман аст, рӯи зебои Ватан.
Гар шуҳрати ман равад зи кайҳон боло,
Хоҳам мирам дар қадами пои Ватан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо