Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.
Соли 1963 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи пьесаҳояшро таҳти унвони «Минута вечности», соли 1990 маҷмӯаи қиссаҳояшро бо номи «Слёзи радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровардааст.
Дар давоми даҳсолаи ахир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайхун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст.
«Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд.
Ҳамчунин, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, «Нангбардори Хуҷанд» дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст. Соли 2014 «Фирдавсӣ» дар Афғонистон ва ҳам дар театри шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1997 нашрияи «Сурӯш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишк (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст.
Асарҳои «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкӯча» дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.
Ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрати тамоме дошта, бастакорони маъруфи ҷумҳурӣ ба силсилаи ашҳораш оҳанг бастаанд.
Соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байнамилалии ба номи М.Достоевский гардидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо