Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Солҳои 1995-2000 вакили мардумӣ дар парлумони мамлакат, солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд.

Бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст. Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

НАМУНА АЗ АШЪОР

Наргис

Як шаҳр ҳама ошиқу овораи Наргис,
Сад чашм фақат дар раҳи наззораи Наргис.
Оҳ ин чӣ бало, Наргис.
Шӯри дили мо, Наргис.
Имрӯз ҷавонони зарифи ҳунаромӯз,
Ошуфтаю дилдодаи ҳангоми наврӯз
Ҳамрози ту, эй Наргис.
Дамсози ту, эй Наргис.
Аз меҳр шарар резӣ ба паймонами ошиқ,
Обод шавад хонаи вайронаи ошиқ.
Зеби ҳама ҷо Наргис.
Тоҷи сари мо Наргис.
Пайғоми баҳорон гули наргис ба чаман шуд,
Аз ишқи ту маъвои баҳорон дили ман шуд.
Наврӯзии мо Наргис,
Фирӯзии мо Наргис.

Тӯёна

Ҳама ҷону ҷонон дар ин хонадон,
Ҳама файзу эҳсон дар ин хонадон,
Ба табрики тӯйи шумо омадем,
Ҳама аз дилу ҷон дар ин хонадон.
Шумо эй ҷавонони ошиқнавоз,
Саодат бубинеду умри дароз.
Ба лутфи сухан соқии меҳрубон,
Ҷавонӣ бибахшо ба пиру ҷавон.
Ки нӯшему рақсему шодӣ кунем,
Ба хушбахтии аҳли ин хонадон.
Шумо эй ҷавонони ошиқнавоз,

пешина
аз 343
навбатӣ