Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Мисли дили ту,
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктой, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.
Ту монандӣ замин танҳоӣ, модар!
Ту монандӣ замин яктоӣ, модар!
10.5.1966

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо