Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Зи дунё қарзҳои хеш бистонанду бистезанд.
Ва чашми зиндагон дар гардиш ояд лаҳзаи мастӣ, Сари мастон ба гардиш ояду бовар кунад бар гардиши гардун, Ва як дам сар ба рӯи даст бигзоранду андешанд, Ки ночизанд ё чизанд?!
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй ҷоми муборакбод, Ки то донанд ҳастам Шарқзод – аз кишвари Хайём!
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй ҷоми муборакбод, Ки то донанд ҳастам ворису ҳамсоғари Хайём! 1965

Ман намемирам

То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро,
То набардорам ба дӯшам дӯшбори ин замонро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!

То нашӯям доғи дилҳоро ба хуноби дилам,
То наёбам ман зи дунё дурри ноёби дилам,
То накобам субҳро аз чашми бехоби дилам,
То нагӯям достони тозаи боби дилам,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То наорояд ҷавониям ҷаҳони пирро,
То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро,
То нагирам бо қалам пеши дами шамшерро,
То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То насозам ҳайкале бар ёдгори модарам,
То нагардам ҳамсари Боми Ҷаҳони кишварам,
То нагардад матлаи умри абад бому дарам,

пешина
аз 343
навбатӣ