Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Нашканад то ташнагии ташнаро шеъри тарам,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То даме, ки офтоб аз Шарқ бинмояд тулуъ,
То даме, ки рӯдҳо аз кӯҳсор ояд фурӯ,
То даме, ки зиндагӣ бошад ба роҳи орзу,
То даме, ки шеъри Ҳофиз бошаду ҷому сабӯ,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То надонам, ки пас аз ман хонда шеърамро касе
Хоб мебинад маро, мепурсад ин овоз кист?
То надонам зиндагиро баъди ман раҳ то куҷост,
То надонам соҳиби дунё пас аз ман боз кист,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
Бо ду чашми нурполо,
Бо ду дасти ризқпаймо,
Бо дили дардошною бо сари пуршӯру савдо,
То қаламро пул насозам дар миёни
соҳили имрӯзу фардо,
Ман нахоҳам мурд оҷиз,
Ман нахоҳам мурд ҳаргиз!
1968
Ишқи аввал – гӯраи сармозада,
Норасида мефитад аз шохсор.
Реша гар дар об дорад нахли умр,
Боз орад бор дар дигар баҳор,
Эй дили шӯридаағм, шӯрида бош!
Ман сафар кардам ба мулки шоирӣ,
Кӯлворам ғайри ту чизе надошт.
Аз тамоми ганҷҳои кӯҳсор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо