Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҷаҳонсозу ҷаҳонорой, эй зан,
Сутуни гунбади миной, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳои, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёй, эй зан.
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
Сари гӯри ту биншастам Саме чанд,
Бигиристем зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одами чанд?
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.
Туй пирам, туй тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!
Куҷой, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз,
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо