Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

САЙИД РАҲМОН

Сайид Раҳмон 9 майи соли 1941 дар деҳаи Тиҳиёни Ховалинг ба дунё омада, соли 1953 оилаи онҳоро ба деҳаи Сариосиёби Кӯлоб муҳоҷир мекунанд ва ҳоло адиб дар ин деҳа бо ёру фарзандон зиндагӣ дорад.

Сайид Раҳмон баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб соли 1970 муаллими мактаби миёна, хабарнигори радио, рӯзнома ва телевизион буданд. Хонандаи тоҷик аз солҳои ҳаштодуми асри XX то ин давра бо маҷмӯаҳои қисса ва ҳикояҳои нависанда дар шакли китобҳои калонҳаҷм бо номи «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», «Аз рӯзгоре то рӯзгорон», «Орзуе то ҷовидон», романҳои «Шукронамарг» ва «Масъуди сипаҳсолор», инчунин маҷмӯаҳои шеърии «Сӯзи дил» ва «Резаборони тарона» ошноӣ дорад. Романи «Масъуди сипаҳсолор» соли 2009 асари беҳтарини сол дониста шуда, сазовори ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав гардидааст.

Намунаи осор:
Кабк
(Ҳикоя)

Модакабк, чӯҷаҳо аз думбол, аз байни буттаю каҳмолҳо ба пайраҳаи борик ҳамбид ва ба сӯи Чашмаи Бедак роҳ пеш гирифт. Боди сабук мулоим вазида, порчаи абри сафедро аз тарафи Ғарб сӯи абри сиёҳи ғафси аз паси кӯҳ намоён мебурд. Нурҳои сӯзони офтоб баъди пешин тарафи ҷнубии теппаро, ки чашма дар қади дараи ҳамин тараф воқеъ аст, назар ба қисми шимолии он гарм мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб тарафи ҷанубӣ, ки аксар сангреза аст ва дар ин қисм дарахту бутта ва хасу каҳмол қариб, ки намерӯяд. Чӯқу ҷондори зиёде аз аввалҳои баҳор ба ин ҷо омада асосан, дар қисми шимолии теппа, бештар дар поёнии кӯҳпора, байни анбӯҳи дарахтон ҷой

пешина
аз 343
навбатӣ