Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1994). Шоираи халқии Тоҷикистон (1999). Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Нобаробар

Ту аз ман будӣ ва ман аз ту будам,
Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
Дар ишқу ошиқӣ шоху гадо нест,
Чаро ишқи ману ту нобаробар?!
Намебинӣ, намебахшӣ ту ҳаргиз,
Хатои ман, гуноҳи ман, ғами ман,
Намегирям, намегирям, мабодо,
Набинад беғаме чашми нами ман!
Ҳар он чизе, ки хоҳад одамизод,
Дар ин дунё барои ман муҳайёст.
Бимирад моҳии беобмонда,
Агарчи андаруни ҳавзи тиллост.
Барои ман дилу ҷони ту даркор,
Нигоҳи гарми чашмони ту даркор.
Барои ин сари сахти ятимам,
Навозишҳои дастони ту даркор.
Зи бахту толеат хушнуд ҳастӣ?
Чаро ҳолам намепурсӣ ту боре?
Мани афтода аз чашми дили ту,
Зи ту дорам умеди ғамгусоре.
Намедуздам туро ман аз дигарҳо,
Ба ҳар кас бахт ширин аст, ширин.
Бидон, бо ёди ту танҳо равонам,
Гарам бинӣ маро дар кӯча ғамгин.
Зи ман бо ҳар баҳона мегурезӣ,
Ки гӯё шоиру овозадорам,
Лаби пурханда дорам, ғам надорам,
Зи ёрони куҳан андар канорам...
Будӣ ишқи ту рӯзи рӯзгорам,
Будӣ ёди ту ёру ғамгусорам,
Ту будӣ шӯҳрату номи баландам,

пешина
аз 343
навбатӣ