Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Аксари офаридаҳои манзуму мансури Гулрухсор ба забони русӣ тарҷума ва дар маҷаллаву рӯзномаҳои бонуфузу маҷмӯаҳои алоҳида, монандӣ «Фиалка», 1971; «Песня родника», 1975; «Радужний цветок», 1978; «Зелёная колибель», 1981; «Навруз», 1982; «Откровение в полдень», 1983; «Куропатка в гостях», 1983; «За солнцем вслед», 1984; «Зеркало дня», 1984; «Пульс моей любви», 1988; «Ради тебя», 1984; «Огнепоклонница», 1991; «Женщини Сабзбахора», 1992; «День рождения боли», 1995 ба табъ расидаанд.
Шеърҳои ба забони русӣ навиштаи Гулрухсор дар китобҳояш «Солнце без Монэ» ва «Одна планета на двоих» (2014) дастраси умум гардидаанд. Ҳамчунин, намоишномаҳои ӯ «Ғори ачинаҳо», «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода», «Ҳафт суруди носуруда»... ва ғ. дар Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд.
Намунаҳое аз ашъори адибони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки «Ишқи зиндагӣ»-и О. Бергголтс (1977), «Гулистони гӯё» (1978; намунаҳои ашъори шоираҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), осори алоҳидаи Г. Лорка, Г. Мистрас, М. Булгаков, А. Камю, М. Бойчиев, ашъори гуногуни М. Ю. Лермонтов, Леся Украинка, Римма Казакова, Татяна Кузовлева, Андрей Дементиев, Файз Ахмади Файз, Йордан Милев, Силва Капутикян аз он ҷумлаанд.
Аз соли 1989 то пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вакили мардумӣ, узви Шӯрои Олии ИҶШС буд.
Бо нишони «Барои меҳнати шуҷоатнок» (ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин) мукофотонида шудааст.
Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1976), Комсомоли ленинии умумииттифоқ (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммет (ИМА,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор