Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ту бо ман нестӣ, чизе надорам!
Ту аз ман будӣ-ву ман аз ту будам,
Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест,
Чаро ишқи ману ту нобаробар?! 1972
Суруди зани танҳо
Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам,
Миёни чор девори баланду сахти тақдирам.
Нарав аз бар, нарав аз сар, нарав аз дил, ки мемирам,
Ба рӯзи сахту танҳоӣ дилу дасти кӣ мегирам?
Дар ин ғавғо, дар ин савдо, дар ин шӯру шари дунё,
Туро мегӯяму бо ёди ту бадбахти хушбахтам.
Ту ҳам монандӣ ҳусни ман гурезониву ҳайронам,
Ба кӣ гӯям ғами дилро, куҷо созам сари сахтам?!
Сари танҳои моро сарварӣ кун гар саре дорӣ,
Чаро ман омадам бар даҳр гар ту дилбаре дорӣ?
Сари ман, сарвари ман, ҳампари ман, раҳбари ман шав,
Шабе, ки бе ту раҳгумам, маро тобанда ахтар шав!
Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам,
Ба дунё омадам танҳову аз танҳоӣ мемирам... 1972
Дунё ғанимат аст!
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир.
Рӯ-рӯйи кулла рав, аз хок дил накан,
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст,
Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?!
Аз ман хабар бигир!
Чашми муҳаббатам муштоқи рӯйи туст,
Гӯянд одамӣ бо дӯстӣ накуст,
Аз қасри худ фараҳ бар мулки ман биё,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор