Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Арика – тахт, тахти ороста.
Ариши ароба – шоту (шохтир).
Арш – осмон.
Асадуллоҳ – Шери Худо, лақаби Алӣ ибни Абутолиб.
Асбоб – сабабҳо.
Асари детективӣ – асаре, ки ба ҳодисаҳои мураккаби дорои хусусиятҳои ҷиноятӣ бахшида шудааст.
Атус – ҷ. атса.
Атфол – ҷамъи тифл, кӯдак, бача.
Ахмар – сурх.
Аълам – олимтар, донотар.
Афоризм – ҳикмат, суханҳои ҳикматнок.
Ахгар – оташпора, лахҷа, ангишти афрӯхта.
Байзо – сафед, дар ин ҷо ба маънии маҳтоб омадааст.
Байъи шарҳӣ – қавлу қарори мувофиқи қонунҳои шариат.
«Банда шудан» Устод Айнӣ чунин шарҳ додааст: ба истилоҳи киморбозон ин аст, ки каси бойдода ба касе, ки ӯро бурдааст, асир шуда мемонад ва то вақте ки пули буридаи ӯро ёфта надиҳад, озод намешавад.
Баллада аз як ё чанд асари манзум иборат буда, воқеа дар атрофии як сюжет гирд оварда шудаанд.
Банорас – матои майданакши сиёҳу сафед, ки тораш абрешиму пудаш ресмони пахта мебошад.
Барас – номи як бемории пӯст.
Бард – сармо.
Барот – ҳуҷҷати афви гуноҳ, васиқа.
Барзан – кӯча, гузар, маҳалла.
Бархай – қурбон, қурбонӣ, фидой.
Басар – биной, чашм.
Басот – замини васеъ.
Бисот – фарш, гилем.
Булҳасан – кунияи Имом Алӣ ибни Абутолиб.
Бурқаъ – ҷодар.
Бурудат – сармо, хунукӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор