Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Вабол – сахтӣ.
Вадод – дӯстӣ, муҳаббат.
Валиаҳд – писари амир ё подшоҳ, ки ҳуқуқи баъди вафоти падар ба тахт нишастанро дорад.
Вало – дӯстӣ, меҳр.
Васан – бут.
Ватин – расане, ки бо он амориро мебанданд, дар ин ҷо ба маънии раги зиндагӣ.
Вир – ёд, ҳофиза, ҳуш.
Вирд – пайваста хондан.
Вирду аврод – зикри дуоҳои ҳаррӯзаи аҳли дин.
Венетсия – шаҳр дар шимолию шарқии Италия.
Великий княз – подшоҳи Русия Николаи II, ки солҳои 1894 – 1917 ҳукмронӣ кардааст, дар назар аст.
Вофир – бисёр, фаровон.
Воқеаи Колесов – раиси Шӯрои комиссарони халқии Туркистон И.Ф. Колесов 2 марти соли 1918 ҳамроҳи ҷавонбухориён барои сарнагун кардани ҳукумати амир ба Бухоро ҳуҷум намуд, вале бемуваффақият анҷом ёфт.
Вуҷуд – ҷамъи ваҷҳ.
Инқилоби Феврал – инқилоби буржуазӣ-демократии феврали соли 1917 дар Русия, ки дар натиҷаи он ҳукумати подшоҳӣ сарнагун гардида, ҷумҳурии буржуазӣ-демократӣ барпо шуд.
Иҷтиноб – худро канор гирифтан, дурӣ ҷустан.
Иштӣ – чизи лӯндаест, ки барои бозӣ аз оҳан, қӯрғошим ё санг тайёр мекунанд.
Гаштак он аст, ки якчанд нафар иттифоқ шуда, ҳафтае як бор ҳар яке ба навбат зиёфат медиҳад. Азбаски ин зиёфат гардиш карда ба сари ҳар кас меояд, «гаштак» номидаанд.
Гузаро – касе ё чизе, ки дар ягон сифат аз ҳад гузашта бошад.
Гӯппон – паҳлавон, зӯрманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор