Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Гупсар – машқи оббарӣ, ки дарунашро пурбод карда, дар таги амад мебанданд.

Гуҷум – дарахти сада, кайрёгоч.

Гулавсор – нӯҳтаи нозук ва нӯҳтабандаш ҷармин.

Ғанӣ – доро, сарватманд.

Ғанҷ – нозу карашма

Ғили арманӣ – тини арманӣ, хокест ба ранги сурхи тира, ки арзиши доруӣ дорад.

Ғоб – беша, найзор.

Ғаввос – гӯтазананда дар об

Ғоза – гулгуна, сурхие, ки занон ба рӯй мемоланд

Ғориб – гурубкунанда, дуршаванда.

Дай – зимистон.

Дайн – вом, қарз.

Дайҳим – кулоҳ; тоҷ

Дайҷур – торикӣ, сиёҳӣ

Далол – ғамзаву ишва

Данӣ – палид, зишт; дун

Дангона он аст, ки якчанд нафар дар байни худ пул ҷамъ карда, то тамоми шудани он маблағ ҳафтае якборӣ ҷамъ шуда зиёфат мехӯранд

Дарюза – гадой, гадо.

Дасиса – макру ҳила.

Дамгир – Аз рӯи шароҳи устод Айнӣ -латтаест, ки дар вақти дам кардани палав вайро ба сарпӯш печонда ба даҳани дег мегузоранд

Дастанбӯ – навъе сайфии хушбӯй, ҳамонандӣ гармакмева ё чизи дигаре, ки барои хушбӯ шудани даст ба даст гиранд; як навъ харбузачаи хушбӯй, ҳандалак.

Дастон – достон; наво; ҳилаву найранг

Дашна – корд, ханҷар

Диҷам – ғамгин, хашмгин

Димор – ҳалок, несту нобуд

Диръ – зарра; либоси зиреҳ.

пешина
аз 343
навбатӣ