Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Девсор — монанди дев, зиштнамо.

Дож — роҳбар.

Доми тазвир — фиреб, хила.

Дорулмуаллимин — (дор - қаср, коҳ, хона - хонаи муаллимон) мактаби миёнаи махсус.

Достони «Оби ҳаёт» ҳамроҳи С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ навишта шудааст.

Дурч — сандиқча, ҷойи зеварҳои занона.

Духтари Чингиз - ишора ба Нина ном тотордухтар аст, ки шоир ба ӯ ошиқ буд.

Зайл — домон.

Загаронич — русии заграничний, яъне, хориҷӣ

Залол, залолат — гумроҳӣ, кажроҳӣ.

Залум — бисёр ситамгар.

Замир — ботин, сират, моҳият.

Зани — гумон.

Занах — манах, зери манах.

Заркафил — касест, ки дар байни қарздиҳанда ва қарзгиранда миёнравӣ мекунад ва кафил мешавад, ки агар қарздор пули қарзҳоро дар вақташ дода натавонад, худи ӯ ин маблағро адо намояд.

Заъф — сустӣ, нотавонӣ, беқувватӣ.

Захҳор — пуропур аз об

Зағома — гардиши чӯбин аст, ки ба як тарафи вай пӯст мекашанд ва ба вай ҳар чиз меандозанд ва ба сифати паллаи тарозу ҳам кор мефармоянд

Зинхона — хонаест, ки дар даруни саисхона меандозанд. Дар Бухорои амирӣ маҳбусони муваққатиро дар зинхона ҳамс мекарданд.

Зилли идод — яъне, дар шумора намеғунҷад.

Зиё — нур, рӯшноӣ.

Зубоб — пашша, магас, занбӯр.

Зулминан — Худованди миннатҳо ва бахшишҳо, яке аз номҳои Парвардигор

Идбор — бадбахтӣ, муқобили иқбол

пешина
аз 343
навбатӣ