Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Иёр – кадр, баҳо, қимат, баҳо Изз – иззатмандӣ, арҷмандӣ Изом – устухонҳо, азм – устухон.
Имзои мустаор – имзои пӯшида ва муваққатӣ.
Инфиол – шарм доштан, хиҷил гаштан.
Истибдод – худсарӣ, худкомӣ, ҳукмронии ба сари худ.
Итрат – хешон Ифзол – бахшиш, бартарӣ.
Кавнайн – ду ҷаҳон Қайд – макру ҳила Қалак – беқарорӣ ва беоромӣ, парешонӣ, нигаронӣ Қаллош – бекор.
Қалъу қамъ – барандохтан, решакан кардан.
Қамқом – кори бузург.
Канз – ганҷ.
Карх – хона, макон, шаҳре дар Бағдод ё Мовароуннаҳр.
Кармина – шаҳри 8 км дуртар аз Бухоро.

Каъси киром – қаъсалкиром – косае, ки аз дасти разбон гиранд, косаи шароби ангур, (киром ҳамчу киро) разбон.

Кашша – чизест, ки аз луҳ бофанд ва дар болои ҳар гузошта дар вай пору ва хоку монандӣ ин андохта кашонанд.

Кишоварз ё кашоварз – деҳқон.
Кимхобу кундал – номҳои матоъҳои гаронбаҳои маҳаллӣ.

Кипр – давлатест дар қисмати ғарбии Осиё.
Кеш – мазҳаб, дин, оин.
Ковуси Кай ё Кайковус – шоҳе аз қавми ориён, ки чун паҳлавон ва лашкаркаши бузург ном баровардааст.
Коҳил – суст, танбал, лаванд.
Қифол – раги дурушти рӯйи даст.

пешина
аз 343
навбатӣ