Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Кулӯхшудгор — судгорест, ки тиркашро ба сӯрохи
нӯги омоч андохта, огардҳоро васеътар гирифта заминро
чуқур меронанд, ки аз замин кулӯхҳои калон-калон
мехезад. Ин муқобили майдашудгор аст
Кӯк будан — хашмгин будан
Кӯра — оташдоне, ки дар он маъдан мегудозанд;
хумдон.
Қаллоб — сохтакор, фиребгар.
Кулзум — Баҳри Сурх.
Куҳл — сурма.
Кут — таом, хӯрок.
Қӯшбегӣ — сарвазири амир, ки ба корҳои дохилӣ ва хориҷии аморат мутасаддӣ буд, рутбаи олии ҳукуматӣ.
Лабан — шир
Лаббайк — қабул мекунам, ба хизмати ту ҳозирам.
Лавм — сарзаниш, маломат.
Лавс, лувс — олудагӣ.
Лаолӣ — марворид, лӯълуҳо
Лаҳистон — Полша.
Лат — як тикка аз чизеро.
Латма — зиён.
Лачак — парчаест, ки занон дар зери гулу мебанданд ва рӯйи синаашонро мепӯшонанд.
Лиом — фурӯмоягон.
Лоҳутӣ — худой, илоҳӣ.
Мавъуд — ваъдакардашуда
Маддоҳ — Дар устод Айнӣ ба маънои касе, ки ҳодиса ва воқеаҳоро бо обу ранги махсус нақл мекунад.
Маозаллаҳ — Худо нигоҳ дорад.
Манбит — ҷойи рӯйидани гиёҳ.
Манқал — зарфи даҳонфароҳи поядор, ки дар он оташ афрӯхта гарм мешаванд.
Ман — ченаки вазн, ки дар Бухоро баробари 128 кг мебошад.
Мамолик — ҷамъи мамлук, ғулом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор